Сангинова Наврўза Садриддиновна
Омўзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш.Истаравшан Сангинова Наврўза Садриддиновна 22 апрели соли 1979 таввалуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маълумоташ олии педагогӣ, ихтисосаш Технолог Соҳибкор буда, соли …
Муфассал Сангинова Наврўза Садриддиновна
Маълумоти мухтасар
Омўзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш.Истаравшан Сангинова Наврўза Садриддиновна 22 апрели соли 1979 таввалуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маълумоташ олии педагогӣ, ихтисосаш Технолог Соҳибкор буда, соли 2017 Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанберо хатм кардааст.
Сангинова Н.С. пас аз хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дар мафҳилҳои дўзандагӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ ширкат карда маҳорату истеъдоди худро сайқал додааст.
Соли 1996 ба коргоҳи қолинбофии «Хотира» ба кор омадааст, соли 2009 ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан дохил шуда, онро соли 2012 бо баҳои аъло бо ихтисоси Рассом-омўзгор хатм намуд ва дар донишгоҳи омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ маълумоташро олӣ намуд.
Барои такмили ихтисос соли 2014 дар корхонаи қолинбофии Шероз дар шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, малакаашро афзун гардонд. Соли 2014 дар озмуни вилояти «Торкаши беҳтарин» иштирок намуда дар вилоят сазовори ҷои дуюм гашт.
Пайваста дар ҷустуҷў ва таҳқиқи ҳунари қолинбофии-дастӣ мебошад.
Соли 2013 бо ифтихорномаи директори КҲМ Хоҷаев Н.Ҷ дар озмуни «Дастони пурэъҷоз» сарфароз гардонида шудааст.
Соли 2014 бо сипосномаи раиси шаҳр И.Абдуллозода дар озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» сарфароз гардонида шудааст.
Соли 2015 бо Сертификати директори генералии АМЗСТ Махкамова Г.М дар тренинги сўзанидўзӣ барои иштирок сарфароз гардонида шудааст. Соли 2016 бо Сертификати директории иҷроияи Иттифоқи Ҳунармандони Тоҷикистон Икромова Н.Н барои иштирок дар курси омўзиши «Истифодаи техникаи бофандагӣ дар либосҳои кўдакона» сарфароз гардонида шудааст. Соли 2022 бо ифтихорномаи директори КҲМ Хоҷаев Н.Ҷ дар рушду эҳё, тарғибу муаррифии санъати ороиши амалӣ ва ҳунарҳои волои мардумӣ дар озмуни «Ҷилои ҳунар» сарфароз гардонида шудааст. Соли 2023 бо ифтихорномаи директории КҲМ Хоҷаев Н.Ҷ дар озмуни эҷодии «Ҷилои ҳунар» аз рўи номинатсияи «Қолинбофи беҳтарин», соли 2023 бо дипломи дараҷаи 1 –и раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода таҳти унвони «Хунар беҳтар аз зар бувад», соли 2023 дипломи дараҷаи 3 –и раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таҳти унвони «Беҳтарин ҳунари мардумии қолинбофии дастӣ аз абрешим» сарфароз гардонида шудааст.
Сангинова Наврўза иштирокчии якчанд озмунҳои сатҳи вилояти ва ҷумҳурӣ мебошад.
Муҳимтарин дастовардҳо дар соҳаи ҳунарманди:
Маводҳои таълимӣ – методӣ: с 2014 «Қолинбофии дастӣ» соли 2015 -2016- «Композитсияи соҳавӣ» ва «Расми соҳавӣ» ро ба чоп расонида дастраси донишҷўёни муассисаи таълимӣ гардидааст.