Мирзокалонов Мирзоилҳом Икромович

  • admin@gmail.com

Мирзокалонов Мирзоилҳом Икромович

Омӯзгори ҳунари кандакорӣ, сохтани армуғонҳо аз чўб

Омўзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан Мирзокалонов Мирзоилҳом Икромович  соли  19.01.1955 тавалуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Маълумоташ миёнаи касбӣ. Соли 1974 омўзишгоҳи касбӣ – техники №2-и ш. Душанбе ва соли …
Муфассал Мирзокалонов Мирзоилҳом Икромович

13 Ихтисосҳо

Маълумоти мухтасар

Омўзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан Мирзокалонов Мирзоилҳом Икромович  соли  19.01.1955 тавалуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Маълумоташ миёнаи касбӣ. Соли 1974 омўзишгоҳи касбӣ – техники №2-и ш. Душанбе ва соли 2015 Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшанро хатм кардааст. Устои ҳунари кандакорӣ ва армуғонсозӣ мебошад. Аз моҳи апрели соли 2011 дар Коллеҷи ҳунармандӣ ба сифати омўзгори ҳунари кандакорӣ кору фаъолият менамояд. Устои наҷҷор Миозокалонов М.И. ба донишҷўён сирру асрор ва нозукиҳои ҳунари қошуқтарошӣ, армуғонсозӣ, созтарошӣ ва дигар намудҳои чўбтароширо меомўзад.

Шогирдони омўзгор Мирзокалонов М дар бисёр озмуну намоишҳои вилояту ҷумҳурӣ ва маҳалли иштирок намуда, бо тўҳфаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шудаанд.

Моҳи октябри соли 2012 зимни ташрифи Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ба Ҷаноби Олӣ «Тахти ҷамшедӣ»  кори эҷодии устод Мирзокалонов М  эҳдо карда шуд. Имрўз ин шоҳкорӣ аз чўб дар Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

Ҳунарманд  Мирзокалонов М дарвозаи Қалъаи таърихии Муғро сохтааст. Дар зебу ороишӣ, муассисаҳои  фарҳангӣ ва чойхонаҳои миллӣ саҳм гузоштаанд.

Саҳм ва хизматҳои омўзгор ва ҳунарманди асил Мирзокалонов М дар рушду такомул,  эҳё ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, хосса кандакории бадеӣ хеле назаррасанд. Меҳнати пурсамар  ва корҳои эҷодии устод бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва якчанд ифтихорномаву сипосномаҳо қадр карда шудааст. Аз соли 2012 аъзои Иттифоқи Рассомони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи ҳунармандон мебошанд.

Ў оиладор буда, соҳиби 5 фарзанд ва зиёда аз 20  набераю абера мебошад.

Ихтисосҳо