Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ташаббуси Пешвои Миллат — мақбули ҷаҳониён»

Loading Чорабиниҳо
  • Ин чорабинӣ ба итмом расидааст.

Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ташаббуси Пешвои Миллат — мақбули ҷаҳониён»

Сана:

1 Апрел, 2023

Оиди чорабинӣ

1 апрели соли 2023 дар толори муасссисаи давлатии таълимии коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Конфренсияи илмӣ — назариявӣ таҳти унвони «Ташаббуси Пешвои миллат — мақбули ҷаҳониён бо иштироки Муовини Раиси шаҳр, олимон, шоирону нависандагон, вакилони халқ устодону донишҷўён, роҳбарони як қатор ташкилоту муассиса ва намояндагони ВАО конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогирии миёна муҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар мавзўи «Ташаббуси Пешвои муаззами миллати тоҷикон – мақбули ҷаҳониён» баргузор гардид.
Конференсияро директори коллеҷ, дотсент Насриддин Хоҷаев ҳусни оғоз бахшида, сухани навбатиро ба Муовини Раиси шаҳр, Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Фирӯза Мӯъминзода вогузор намуд. Ӯ дар баромади худ иштирокчиёнро аз номи раиси шаҳр бо Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда, саҳми назарраси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди Наврӯзи ҷаҳонӣ ва сафари кории Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ибрози ақида намуд. Фирӯза Мӯъминзода доир ба ташаббуси навбатии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим суханронии намуда, қайд намуд, ки 14-уми декабри соли 2022 дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабули Қатъномаи дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рўзи ҳифзи пиряхҳо», ки ибтикороти панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид якдилона қарор кабул кард.
Бо ифтихормандӣ зикр бояд дошт, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.
Дар конфронс олими ҷавон, устоди донишгоҳи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Аброр Воҳидов дар мавзўи «Тоҷикистон давлати ташаббускор доир ба масъалаҳои об дар ҷаҳон» маърўза намуд.
Нотиқ зимни баромади худ доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон, қабули Қатънома аз тарафи СММ вобаста ба пешниҳодҳои Пешвои миллат оид ба обу иқлим, пиряхҳои бузурги Тоҷикистон, дарёҳо, кўлу обанборҳо дар Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии обшавии пиряхҳо андешаҳои судманд баён кард. Ҳамзамон ҳозирин вобаста ба мавзўи «Обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ва хатар ба оянда» баромади устоди коллеҷ, профессор Муним Ҳасанов, маърўзаи омўзгори фанни таърих Малоҳат Латифова «Ҷон дар ҷисми Истаравшан Зарринрўд»ва баромади донишҷўи бахши 2 гурўҳи «Тарроҳӣ» Марҳабо Аминова «Об моро муттаҳид месозад» шунида шуд.
Сипас, вобаста ба мавзўъҳои баррасигардида вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Мадина Исломзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Ҳасан Нарзуллоев, раиси бахши истаравшании Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Раънои Зоирдухт, муовини сармуҳаррири рўзномаи «Паёми Истаравшан» Ўктами Нурулло, муҳандиси КМ «Оби зулол» Орифҷон Охунов, муовини сармҳаррири рўзномаи вилоятии «Корвони умед» Саъдулло Маҳкамов, Иззатулло Ҷўраев – номзади илмҳои техникӣ ва Абдуманнон Махсумов мудири шуъбаи кадрҳои коллеҷ ба музокира баромада ташаббус ва пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва қабули Қатънома аз ҷониби СММ-ро вобаста ба обу иқлим ва пиряхҳо саривақтӣ номиданд.