Истиқболи рӯзи дониш дар коллечи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан

Loading Чорабиниҳо
  • Ин чорабинӣ ба итмом расидааст.

Истиқболи рӯзи дониш дар коллечи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан

Сана:

1 Сентябр, 2023

Оиди чорабинӣ

Субҳи 1-уми сентябри соли ҷорӣ омӯзорон ва донишчуёни муассисаҳои давлатии Коллечи чумхуриявии хунархои мардуми шаҳри Истаравшан бо омодагии сатҳи баланд аз Рӯзи дониш истиқбол намуданд.
Дар чорабиниҳои идона Муовини Раиси шахр Фирӯза Мӯъминзода ширкат варзида, доир ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар, ки таҳти сарварии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди бемайлон ворид шудааст, суханронӣ намуда, паёми табрикотии Раиси шаҳр Адхам Маъмурзодаро ба сами омузгорону донишҷӯён расонид.
Гуфта шуд, ки бо дарки ин дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр ҳамеша дар пайи ҳифзи Истиқлолияти милливу давлатӣ, якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, рушди илму маориф ва ободониву созандагии кишвари азизамон — Тоҷикистон буда, минбаъд низ дар ин самт саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Сипас дар толори мачлисгохи Коллечи маскур бо иштироки омузгорону донишҷӯён тамошои дастачамъонаи Паёми табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат — Президенти
Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Раҳмон, бахшида ба ,, Рузи дониш» ,ки дар Донишгохи давлатии тиббии вилояти Хатлони ноҳияи Данғара баргузор гардид тарики пахши мустакими телевизиони Точикистон тамошо намуданд.