Хабарҳо

Райҳона Турсунова бо санъати ороиши амалӣ – кошинкорӣ (мозаика) машғул аст. Ӯ дар ин муддати кӯтоҳ даҳҳо асар офарида, дар озмуну намоишҳои ҳунарӣ ширкат варзидааст. Бузургтарин кори ӯро метавон дар дохили бинои Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан мушоҳида кард.

Райҳона аз камтарин духтаронест, ки бо ҳунари қадимаи кошинкорӣ машғул буда, баҳри ривоҷи он пайваста кӯшиш мекунад.  Ӯ ба муаллифи Your.tj перомуни рушди ҳунари кошинкорӣ ва нақшаҳои ояндааш қисса кард.