Бештари сокинони шаҳри Истаравшан бо ин ё он ҳунари қадимаи мардумӣ машғуланд. Дар баробари ба даст овардани ризқу рӯзӣ мардуми шарифи Истаравшан ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷикро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Солҳои охир ҷавонони ин куҳандиёр низ баҳри боз ҳам рушд бахшидани ҳунарҳои мардумӣ ҷаҳду ҷадал намуда, маҳсули дастони худро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ ва пешкаши муштариён месозанд. Яке аз чунин ҷавонони панҷ панҷааш ҳунар Дилшод Раҳимов мебошад, ки 5 сол инҷониб бо дуредгариву кандакорӣ машғул аст.
Дилшод аз хурдӣ мехост ҳунарманд шавад. Меҳри ҳунарҳои мардумӣ хеле барвақт дар дилаш маъво гирифта, диққати ӯро офаридаҳои ҳунармандони имрӯзу пешин мисли оҳанрабо ба сӯйи худ мекашид. Бо дидани сақфу сутунҳои мунаққашу кандакоришуда дар дилаш эҳсосоти аҷибе пайдо шуда, ӯро ба пайроҳаи ҳунар раҳнамоӣ мекард. Ҳамин буд, ки пас аз хатми синфи 9 вай бо ҳидояти падараш ба Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дохил шуда, аз паси омӯхтани нозукиҳои ҳунар гашт. «Ман дар Колеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аз рӯи равияи кандакорӣ таҳсил мекунам. Дар ин боргоҳи ҳунар дар баробари аз худ кардани ҳунари кандакорӣ, мо ҳамчуни армуғонсозӣ, муҷассаматарошӣ ва нозукиҳои коркарди бадеии чӯбро меомӯзем. Ҳар боре, ки бо дастони худ ягон асар моефарем, моро шодиву фараҳ фаро мегирад ва аз кори худ завқ мебарем,»-хушҳолона иброз дошт ҳамсӯҳбати мо. Бино ба гуфти Дилшод, ҳунар мондагор аст, зеро асарҳое, ки ҳунармандони пешин офаридаанд, то ҳол побарҷо мондаанд ва имрӯз ҳамчун нигораи таърихӣ ҳифз карда мешаванд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/dilshod-unaroi-toikonaro-ba-aonien-nishon-dodanistподробнее тдж: https://oila.tj/news/dilshod-unaroi-toikonaro-ba-aonien-nishon-dodanist