Мирсаидов Фарҳодҷон Бахтиёрович

  • admin@gmail.com

Мирсаидов Фарҳодҷон Бахтиёрович

Омӯзгори ҳунари наққошӣ-кундалрезӣ

Омўзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан Мирсаетов Фарҳодҷон Бахтиёрович соли 20.11.1989 тавалуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маълумоташ олии педагогӣ, ихтисос Технолог Соҳибкор буда, соли 2017 …
Муфассал Мирсаидов Фарҳодҷон Бахтиёрович

13 Ихтисосҳо

Маълумоти мухтасар

Омўзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан Мирсаетов Фарҳодҷон Бахтиёрович соли 20.11.1989 тавалуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маълумоташ олии педагогӣ, ихтисос Технолог Соҳибкор буда, соли 2017 Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Мирсаетов Ф.Б. пас аз хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ ва адои хизмати ҳарбӣ дар Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан дохил шуда, онро соли 2013 бо дипломи аъло бо ихтисосӣ Рассом омўзгор хатм намуд ва дар донишгоҳи омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ маълумоташро олӣ намуд.

Мирсаетов Ф.  аввалин омўзгорест, ки дар эҳёи мактаби наққошии Истаравшани бостонӣ, аз ҷумла кундалрезӣ саҳми худро гузоштааст. Пайваста дар ҷустуҷў ва таҳқиқи ҳунари наққошӣ ва кундалрезӣ мебошад.

Соли 2015 бо сипосномаи «Оилаи ҳунарманд соли 2015»-и раиси шаҳр Н. Набизода сарфароз гардонида шудааст. Соли 2019 бо раҳматномаи директории филиали ҶСК «Бонки Эсхата» аз рўи номинатсияи «Ҳунари дастии беҳтарин» А. Бобоев сарфароз гардонида шудааст. Соли 2020  бо дипломи дараҷаи 1-ум аз рўи номинатсияи «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мукофотонида шудааст. Соли 2021 бо сипосномаи ректори «Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров» сарфароз гардонида шудааст. Соли 2022 бо сипосномаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рўи номинатсияи «Ҳунарманди сол», соли 2022 бо ифтихорномаи директори  КҲМ Насриддин Хоҷаев аз рўи номинатсияи «Шиносонидани ҳунару фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён» ва соли 2022 бо ифтихорномаи директори  КҲМ Насриддин Хоҷаев аз рўи номинатсияи «Усто — шогирд» сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2023 бо ифтихорномаи директории  КХМ Хоҷаев Н. дар озмуни эҷодии «Ҷилои ҳунар — 2023» аз рўи номинатсияи  «Эҷодкор» ва соли 2023 бо ифтихорномаи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ш. Истаравшан  аз тарафи раиси шаҳр  Адҳам Маъмурзода мукофотонида шудааст. Мирсаетов Ф. иштирокчии якчанд озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Муҳимтарин  дастовардҳо дар соҳаи ҳунарманди:

Маводҳои таълимӣ- методӣ:  с 2014 «Санъати рассомӣ»,  с. 2015 «Рангкашӣ дар ҳавои кушод» (Пленэр), с.2016 «Расмкашӣ», с 2016 «Композитсияи умумӣ, с.2017 «Рангакашӣ» (Живопись)-ро ба чоп расонида дастраси донишҷўён ва ҳунармандони муассисаи таълимӣ гардонида аст.

Ихтисосҳо