Хоҷаев Насриддин Ҷалолович

  • admin@gmail.com

Хоҷаев Насриддин Ҷалолович

Директори коллеҷ

Хоҷаев Насриддин Ҷалолович 02.03.1958 дар шаҳри Истаравшан (Уротеппа) дар оилаи зиёи таваллуд шудааст. Соли 1965 ба мактаби миёнаи №1 ба номи М. Горки ш. Истаравшан (Уротеппа) рафта соли 1975 хатм …
Муфассал Хоҷаев Насриддин Ҷалолович

13 Ихтисосҳо

Маълумоти мухтасар

Хоҷаев Насриддин Ҷалолович 02.03.1958 дар шаҳри Истаравшан (Уротеппа) дар оилаи зиёи таваллуд шудааст. Соли 1965 ба мактаби миёнаи №1 ба номи М. Горки ш. Истаравшан (Уротеппа) рафта соли 1975 хатм намудааст. Соли 1975 ба тавсияи устоди соҳаи Маҳмудҷон Воҳидов ба Донишкадаи давлавти ҳунарҳои зебо ба номи М. Турсунзода соли 1980 хатм намудааст.

Соли 1980 бо роҳхати Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон ба ноҳияи Қубодиён вилояти Хатлон фиристода шуда то соли 1993 ба вазифаи мудири шуъбаи маданияти ноҳияи Қубодиён фаъолият кардааст. Аз соли 1995 то соли 1999 сар коргардони телевизони маҳалии Истаравшан кор кардааст.

Аз соли 1999 то соли 2010 ба ҳайси мудири шуъбаи фарҳаг ш. Истаравшан фаъолият кардааст, ки  ба роҳбарии  Хоҷаев Н. аввалин чорабинии миқёси Ҷумҳурияви дошта яъне 2500 солагии Истаравшан бо номи «Субҳи Саодат» гузаронида шуд, ки сенарияи ин чорабини бо қалами Хоҷаев Н рӯисаҳна оварда шуд.

Аз соли 2010 то ҳол Директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан мебошад.

Аз соли 1982 ҳизби камунистӣ шудааст. Зиёда аз 40 давлати дунё чафари ҳунари ба монанди Ҳиндустон, Корея, Арабистон, ,Полша, Украина, Эстония, Латвия Рассия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар давлатҳо сафари кори намудааст. Оиладор соҳиби 8 фарзанд 30 набера. Содиқ ба Ватан, миллат ва сарвари Тоҷикистон.

Ихтисосҳо