Дадоҷонов Аъзамҷон Акрамҷонович

  • admin@gmail.com
  • VenesaMarry

Дадоҷонов Аъзамҷон Акрамҷонович

Омӯзгори ҳунари кулолгарии бадеӣ - гаҷкорӣ

Омўзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан Додоҷонов Аъзамҷон Акрамҷонович  соли  04.09.1974 тавалуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Иттифоқи  Рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоташ олии педагогӣ, буда  …
Муфассал Дадоҷонов Аъзамҷон Акрамҷонович

13 Ихтисосҳо

Маълумоти мухтасар

Омўзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан Додоҷонов Аъзамҷон Акрамҷонович  соли  04.09.1974 тавалуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Иттифоқи  Рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоташ олии педагогӣ, буда  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Академик Бобоҷон Ғафуровро  хатм кардааст.

Додоҷонов А.А. пас аз хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ соли 1991 Омўзишгоҳи Рассомии Федератсияи Руссия дохил шуда онро соли 1995 хатм намудааст. Соли 2012 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Академик Бобоҷон  Ғафуров дохил шуда онро соли 2017 хатм намудааст ва маълумоташро дар худи ҳамин донишгоҳ  олӣ намуд.

Соли 2001 ба ОКТ №14 ба ҳайси омўзгори ҳунари гаҷкорӣ дохил шуда фаъолият намудааст. Соли 2009 Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан ба ҳайси омўзгори ҳунари гаҷкорӣ дохил шуда то ҳол фаъолият бурда истодааст ва дар айни ҳол вазифаи Раиси Шўрои бадеиро бар ўҳда дорад.

Додоҷонов А. аввалин омўзгорест, кидар эҳёи мактаби гаҷкории ш. Истаравшани бостонӣ, саҳми худро гузоштааст. Пайваста дар ҷустуҷў ва таҳқиқи ҳунари гаҷкорӣ мебошад.

Соли 2014 бо ифтихорномаи раиси шаҳр И.Абдуллоев сарфароз гардонида шудааст. Соли 2016 бо ифтихорномаи раиси шаҳр Н. Набизода, соли 2016 бо дипломи «Ҳунарманди сол — 2016» сарфароз гардонида шудааст. Соли 2021 бо ифихорномаи  раиси шаҳр  А.  Маъмурзода сарфароз гардонида шудааст.

Ихтисосҳо