Бобоҷонов Азизҷон Одилович

  • admin@gmail.com

Бобоҷонов Азизҷон Одилович

Омӯзгори ҳунари кандакорӣ ва дуредгарӣ

Бобоҷонов Азизҷон Одилович 13.04.1994 Омӯзгори МТД Коллечи Ҳунарҳои Мардумӣ шаҳри Истаравшан Ман тӯли 15сол мешавад, ки ҳунари кандакори ва дуредгариро (аз усто Али Яҳёев 5 сол кандакори ва аз падар …
Муфассал Бобоҷонов Азизҷон Одилович

13 Ихтисосҳо

Маълумоти мухтасар

Бобоҷонов Азизҷон Одилович 13.04.1994

Омӯзгори МТД Коллечи Ҳунарҳои Мардумӣ шаҳри Истаравшан

Ман тӯли 15сол мешавад, ки ҳунари кандакори ва дуредгариро (аз усто Али Яҳёев 5 сол кандакори ва аз падар 10 сол дуредгариро) омӯхта давом дода истодаам, то имрӯз кариб 10 нафар шогирдон ба воя расонида шудаанд.

Ҳунари кандакори ҳунари қадимӣ  буда тӯли асрҳо  ба мо омада расидааст  ва ин бар он далолат  мекунад  ки  халқи  Тоҷик  аз қадим мардуми  бо фарҳангу дорандаи таърихи бой мебошад

Дар Осиёи Миёна  ҳунари кандакории тарзи Ислими  бисёр  ривоҷ ёфтааст. Дар шаҳри Истаравшан ҳунари кандакори бисёр тараққӣ  намуда аз насл ба насл омада расидааст.

Ман соли 2015 инҷониб ба касби  кандакори  ба пуррагӣ  машғул ҳастам , ва ба якчанд  фестивалу ярмаркаҳои  дохилии ва хориҷӣ  иштирок  намуда соҳиби диплому ҷоизаҳо гаштаам. Ва имрӯз  ин ҳунарро оилави бо хамроҳии додарам ва ҳамсарам ривоҷ дода истодаем .

Касби  кандакори  аз интихобкунандаи ин ҳунарро устувори ва оромтабиатиро талаб мекунад.

Мо аслан  сандукча  барои ҷавоҳирот, шонаҳои армуғонӣ ,ғилоф ва қутти барои корду шамшерҳои милли ,қаламдон лавҳ, мизчаҳои  кандакори (ҳаштрах) лаган ва панно, ва кандакори  дар шоху устухонро  ба роҳ мондаем .

Мо аз чубҳои бо роҳи табии хушконидашуда яъне чормагз, чинор,сада,зардолу,нок,санавбар арчаи руси, дуб ва бук-ро истифода мебарем .

Ҳунари кандакории дасти аз кашидани нақшҳои ислими ва ҳандаси дар руи қоғаз  оғоз ёфта аз дорандаи ин ҳунар маҳорати волои рассомиро талаб мекунад.

Сипас он накш дар руи чуб гузаронида баъдан бо ҳархел исканаҳо -пай карда ,тагбардор, пақпардоз ва бо тарзи чокапардоз шукуфонида мешавад. Баъдан бо гулсумба чои тагбардорнамударо сумба зада оро дода мешавад.

Баъди  ба итмом  расидан кори кандакори  корҳои дуредгари сар мешавад  масалан  зулфак задан ,ошуқмашуқ насб кардан ва корҳои ҷавскори ва суфтакори намуда баъдан  бо лату рангҳои табии оро дода мешавад. Маҳсулот баъди ороиш як намуди  хосса  пайдо мекунад  ки аз печутоби гулҳову баргу банд касро як ҳаловату  ҳисси нотакрор  фаро мегирад.

Маҳсулоти  омоданамудаи  мо имрузҳо шукронаи Истиқлолият  ки дастраси ҳам мардуми Тоҷикистони  ва ҳам берун аз он  дастраси мардум ҳаст. Талабот солҳои охир  нисбати  Маҳсулоти дастии Ҳунарҳои миллӣ  зиёд  шуда  истодааст ин далолат  ба фарҳангу  тамаддуни тоҷикон  аст ки фарҳанги худро гум накарда истодаанд.

Аввалин устоди ман усто Али Яҳёев мебошанд  ки он кас шогирди  устои маъруф Юлдошбек Баротбеков мебошанд.  Ва баъдан  писари он кас усто Ҳалим ва баъд Падарам усто Одил ва Бародари падарам  Усто Обидҷон ба ман нозукиҳои ин касбро омузонидаанд.

Имрӯз  мо ин ҳунарро ба якчанд шогирдон омӯзонда истодаем ва онҳо аз 2 гурӯҳ иборат  мебошанд  яке  гурӯҳе занон ва духтарон  ки ҳамсарам ба онҳо ин ҳунарро меомӯзонад  ва дуввум гурӯҳи  писарон мебошанд, ки Мо бо додарам Аҳмадҷон ба онҳо дар МТД Коллечи Ҳунарҳои Мардумӣ  дарс мегузарем.

Оянда  мо умедворем  ки ин ҳунар бисёр  ривоҷ меёбад  . Имрӯзҳо  талабот  нисбати  ҳамин ҳунар хуб шуда истодааст  аз ин рӯ ҳам писарон ва ҳам духтарон  нозукиҳои ин касбро омӯхта истодаанд.

Раҳмат  ба Пешвои Миллат ки моро чунин  падарвор ғамхори  карда истодаанд. Ба Даргохи Худо дуо мекунем ки  Тоҷикистони Азизамон ҳамеша  шукуфону сулҳу осоишта  бошад.

Ихтисосҳо