Охирин Чорабиниҳо

Истиқболи рӯзи дониш дар коллечи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан

Субҳи 1-уми сентябри соли ҷорӣ омӯзорон ва донишчуёни муассисаҳои давлатии Коллечи чумхуриявии хунархои мардуми шаҳри Истаравшан бо омодагии сатҳи баланд аз Рӯзи дониш истиқбол намуданд.
Дар чорабиниҳои идона Муовини Раиси шахр Фирӯза Мӯъминзода ширкат варзида, доир ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар, ки таҳти сарварии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди бемайлон ворид шудааст, суханронӣ намуда, паёми табрикотии Раиси шаҳр Адхам Маъмурзодаро ба сами омузгорону донишҷӯён расонид.

Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ташаббуси Пешвои Миллат — мақбули ҷаҳониён»

1 апрели соли 2023 дар толори муасссисаи давлатии таълимии коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Конфренсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони "Ташаббуси Пешвои миллат - мақбули ҷаҳониён бо иштироки Муовини Раиси шаҳр, олимон, шоирону нависандагон, вакилони халқ устодону донишҷўён, роҳбарони як қатор ташкилоту муассиса ва намояндагони ВАО конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогирии миёна муҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар мавзўи «Ташаббуси Пешвои муаззами миллати тоҷикон – мақбули ҷаҳониён» баргузор гардид.

Ифтитоҳи Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан”-ро мавриди истифода қарор доданд.