Созтарошӣ
Оиди ихтисос
- Давомнокӣ: 11 Days
- Ихтисос: Коркарди бадеии чӯб
- Донишҷӯён: 23
- Диплом: Yes
- Макон:
- Забон: English
- Дарс: 0
- Дида шуд: 1216
- Талабот: No
- Дараҷаи малака:
- Ҳаҷм: 30
- Санаи оғоз: 05/26/2017
Шарҳ
Дар тӯли қарнҳо созҳои мусиқии зиёд офарида шуда, сохташон тағйир ёфтааст ва баъзеашон аз байн рафтаанд. Халқи тоҷик аз қадим ба мусиқӣ дилбастагии хоса дошта, дар ин навъи санъат нодиракориҳои ҳунарӣ намудаааст ва аз ҷумла, ихтироъкорону созандагони умдатарин созҳои мусиқиаш дар густариши санъати навозандагӣ ва ҳунари созтарошӣ саҳми арзанда доранд. Созҳои мусиқии мардуми тоҷикро олим, мусиқидон ва муҳаққиқи барҷаста В. Беляев ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим намудааст: Созҳои мусиқии кӯҳистони тоҷик, ки аз ҷиҳати навъу намуд бисёр нестанд ва аз лиҳози сохт одӣ мебошанд:
- нафасӣ: тутак, қӯшнай (дунай);
- торӣ: ғижжак, думбра, рубоби бадахшонӣ.
- зарбӣ: доира, таблак.
- Созҳои мусиқии тоҷик, ки дар байни аҳолии водиҳо ва шаҳрҳо маълуманд:
- нафасӣ: дунай (қӯшнай), най, сурнай, карнай;
- торӣ: ғижжак, дутор, танбӯр, рубоб, чанг;
- зарбӣ: доира, қайроқ, нақора.
- Созҳои мусиқии мардуми тоҷик дар айни замон аз рӯи хусусиятҳои иҷро, сохт ва тарзи садодиҳӣ ба гурӯҳҳои торию мизробӣ, торию камонӣ, торию зарбӣ, нафасӣ ва зарбӣ ҷудо мешаванд:
Ба созҳои торию мизробӣ — тор, танбӯр, рубоб, дутор, дуторча (думбра), дутори бам, соз, сетор мансубанд ва тавассути мизроб, захма ва ё нохун навохта мешаванд.
Созҳои торию камонӣ бо камонча навохта мешаванд, — ки ғижак, қобуз, сато ба он мансубанд.
Созҳои торию зарбӣ тавассути ба торҳо бо чӯбчаҳои махсус зарба задан навохта мешаванд, — ки сози чанг ба ин гуруҳ дохил аст. Гарчанде ки қонун тавассути бо нохунак чанг задан ва чангқобуз (лабчанг) ба воситаи зарбаи ангушти ишорати дасти рост навохта мешаванд, лекин аз рӯи сохт ва тарзи садодиҳӣ ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.
Созҳои нафасӣ тавассути ба дохилашон бо фишор дамидани нафаси мутриб садо бароварда, бо ангуштони ҳарду даст навохта мешаванд — най, дунай, сурнай, нафир, тутак. Шайпур ва карнай низ ба ин гурӯҳ дохиланд, лекин дар навозиши онҳо ангуштон ширкат накарда, пастию баландии садо бо нафас идора карда мешавад.
Созҳои зарбӣ тавозуни оҳангро идора намуда, ба воситаи зарби дастон, ангуштҳо ва чӯбчаҳои махсус навохта мешаванд. Ба созҳои зарбӣ — даф (доира), таблак, нақора, сафоил, чалаб, табира, табл дохиланд. Қайроқ ва қошуқ низ ба ин гурӯҳ мансубанд, лекин бо ба ҳам задани ҷуфти онҳо садо ҳосил мешавад.
Рушди созҳои мусиқӣ ба рушди ҷамъият, фарҳанг, мусиқӣ, санъати ҷрокунандагӣ ва технологияи истеҳсолот вобаста аст. Аз ин рӯ, аксари созҳо вобаста ба хусусиятҳои хоси худ – сохт, шакл ва садо асрҳо ҳифз шуда, то замони мо расидаанд, қисми дигарашон такмил ёфтаанд, қисми севумӣ бошад, ба талаботи замонтоб наоварда, аз байн рафтаанд. Созҳои мусиқӣ робитаи зич ва пайвандии ногусастанӣ бо эҷодиёт ва санъати касбӣ доранд.
Омӯзгорони ихтисос
-
Бобоҷонов Азизҷон Одилович
FontendБобоҷонов Азизҷон Одилович 13.04.1994 Омӯзгори МТД Коллечи Ҳунарҳои Мардумӣ шаҳри Истаравшан Ман тӯли 15сол мешавад, ки ҳунари кандакори ва дуредгариро (аз усто Али Яҳёев 5 сол кандакори ва аз падар …
Муфассал Бобоҷонов Азизҷон Одилович -
Қурбонов Бозор Маҳмудович
FontendҚурбонов Бозорбой Маҳмудович 24.03.1955 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шуда, аз соли 1962 дар муассисаи таҳсилотии миёнаи интернатии шаҳри Истаравшан таҳсил намуда, соли 1967 аз мактаб интернат ба мактаби Муассисаи таҳсилоти …
Муфассал Қурбонов Бозор Маҳмудович -
Дадоҷонов Аъзамҷон Акрамҷонович
FontendОмўзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан Додоҷонов Аъзамҷон Акрамҷонович соли 04.09.1974 тавалуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Иттифоқи Рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоташ олии педагогӣ, буда …
Муфассал Дадоҷонов Аъзамҷон Акрамҷонович -
Махсумов Манон Набиевич
FontendМахсумов Манон Набиевич 07.10.1964 дар шаҳри Исаравшан, дар оилаи коргар таваллуд гардидааст. Таҳисли мактаби №1 ба номи А.М.Горькии Ӯротеппа (1972-1982). Хатмкардаи ТИТЛП-Донишкадаи бофандагӣ ва санъати сабуки шаҳри Тошкант (1982-1989), муҳандис-технолог. …
Муфассал Махсумов Манон Набиевич
There are no reviews yet.