Кордсозӣ-шамшерсозӣ, оҳангарӣ

Кордсозӣ-шамшерсозӣ, оҳангарӣ

Оиди ихтисос

  • Макон:
  • Забон: English
  • Дарс: 0
  • Дида шуд: 895
  • Талабот: Yes
  • Дараҷаи малака: Beginner
  • Ҳаҷм: 45
  • Санаи оғоз: 07/08/2017

Шарҳ

Кордсозӣ – навъе аз ҳунари анъанавии мардуми тоҷик аст, ки ба бахши оҳангарӣ марбут мебошад. Корд ҳамчун асбоби рӯзгор, асосан, аз пӯлод сохта мешавад. Корд аз қисмҳои зерин иборат аст: теғ, гулӯбанд, даста, сарбанд. Барои теғи корд, имрӯзҳо, баъзе қисмҳои пӯлодии мошину тракторҳои азкорбаромада истифода мешаванд. Дар гузашта пӯлодро дар шаҳрҳои калон мегудохтанд, ё аз кишварҳои дигар меоварданд. Кордсозон ду навъи пӯлод: пӯлоди сафедро барои кордҳои армуғонию рӯзгорӣ ва пӯлоди сиёҳро, ки сахту буротар аст, барои кордҳои шикорӣ ба кор мебаранд. Гулӯбанди кордро аз 3-4 хел маъдан тайёр мекунанд. Он бештар аз мис, сурб, қалъагӣ, нуқра сохта мешавад. Дастаи кордро аз шоху устухонҳои ҳайвонот (бузи кӯҳӣ, оҳу, гов), чӯб, баъзан аз фулуз, шиша ва маъданҳои дигар низ месозанд. Аз ҳама корди гаронбаҳо дастааш аз шохи каркадан ва оҷи фил ба шумор меравад. Сарбанди корд низ ба монанди гулӯбанди он аз мису сурб ва ё нуқра сохта мешавад.

Ҷараён ва усули сохтани корд чунин аст: тахтапӯлодро дар оташи қура сурх карда, болға кӯфта, ба шакли теғ медароранд. Ҳамин тавр, пӯлодро 3-4 бор дар оташ сурх намуда, бо болға кӯфта, дар об меандозанд, ки ин амалро «обутобдиҳӣ» меноманд. Тавассути обутобдиҳӣ зичии пӯлод сахт мешавад. Теғи ҳосилшударо нахуст дар чархи сангаш дағал, сипас дар санги маҳинтар, баъдан дар санги резинӣ (чармӣ) ва намадӣ (мӯйина) дошта, тунуктару ҳамвор мекунанд. Дастаи кордро аз устухон ва ё шохи ҳайвонот бурида, дар чарх ҷойҳои дағали онро ҳамвор намуда, мобайнашро барои гузаронидани дастаи теға мувофиқ мегардонанд. Дастаҳо ду хел мешаванд: яклухт (сухма), ки аз миёнаш сӯрох мекунанд ва дукафон (ёрма) – аздутарафи даста ду устухонро бо мехи мисин пайванд менамоянд. Дар қисми болои даста қолаберо омода карда, ба он нуқра, биринҷ, сурб ё маъдани дигареро гудохта, мерезанд. Онро бо сӯҳон соида, ба шакли гулӯбанд табдил медиҳанд. Сарбанди корд низ дар қолаб аз нуқра, сурб, биринҷ ва ғайра рехта мешавад. Баъзе сарбандҳо каҷ буда, барои аз даст наафтидани корд мувофиқ кунонда мешаванд. Гулӯбанду сарбанд аз дутарафи даста ҷой гирифта, дастаро аз ҷудошавӣ нигоҳ медоранд. Дар кордсозӣ нақшҳои ислимӣ, ҳандасавӣ, занҷира, тасвири офтобу моҳу ситора ва ғайра ба кор меравад. Нақшҳоро дар теғу даста ва гулӯбанду сарбанд ба тарзи ҳаккокӣ, насбнамоӣ ва рангубор додан анҷом медиҳанд.

Ғилофи кордҳо аз чарм, чарми сунъӣ, чӯб, шохҳои оҳу ва буз сохта мешаванд. Дар даруни ғилофҳо чарми сахт ё картонро ба шакли хонаи теға ба девораҳои ғилоф пайванд мекунанд. Аз берун ғилофҳо бо нақшҳо, рангҳои гуногун ва чармпораҳо ороиш дода мешаванд. Ғилофи кордҳои армуғониро аз чӯби чормағз, устухон, шохҳои оҳу ва бузҳои хонагию кӯҳӣ сохта, бо нуқраву қалъагӣ, сурб ва рангҳо дар он нақшҳо тасвир мекунанд. Санъати кордсозӣ дар Истаравшан, Исфара, Ҳисор, Хистеварз маъмул аст.

Омӯзгорони ихтисос