Адҳамова Махфират Мирзораҷабовна

  • admin@gmail.com

Адҳамова Махфират Мирзораҷабовна

Омӯзгори ҳунари кашидадӯзӣ - гулдӯзӣ

Махфират Адҳамова 60 сол мешавад, к ибо кашидадӯзӣ гулдӯзӣ машғул аст. Ҳамзамон муаллими калони Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан буда, барои тарбияи ҳунармандони асил ҳамеша дар хизмат аст. Махфират …
Муфассал Адҳамова Махфират Мирзораҷабовна

13 Ихтисосҳо

Маълумоти мухтасар

Махфират Адҳамова 60 сол мешавад, к ибо кашидадӯзӣ гулдӯзӣ машғул аст. Ҳамзамон муаллими калони Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии ш. Истаравшан буда, барои тарбияи ҳунармандони асил ҳамеша дар хизмат аст. Махфират Адҳамова 14.12.1947 дар ш. Истаравшан дар оилаи ҳунарпарвар таваллуд шуда миллаташ тоҷик аст.

Махфират Адҳамова соҳиби  «Грант» гардида, ҳамчунин ҳунарманд аз Тоҷикистон соли  2011 дар  намоиши санъати ороиши амалии дастӣ дар ш. Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карда,бо диплом  сарфароз гардонида шуд.

Соли 2014  дар озмуни вилоятии «Ҳунарҳои зебои мардумӣ» фаъолона иштирок намда, барои офаридани сӯзаниҳои миллӣ бо усули бухороӣ сазовори ҷои аввал ва мукофотпулии ба миқдори 10 ҳазор сомони гардид. Тирамоҳи ҳамон сол дар намоишҳои ш. Москва дар доираи чорабиниҳои форуми байнипарлумонии «Руссия — Тоҷикистон» фаъолона ширкат варзида, ҳунарҳои зебои миллии тоҷикиро муаррифӣ намуд.

Маҳсули дастони Махфират Адҳамова дар Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, давлатҳои  Аморати Муттаҳидаи Араб ба намоиш гузошта шудааст.

Соли 2005 бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2008 бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гардонида шудааст. Ӯ аъзои Иттифоқи Рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2018  бо медали «Хизмати шоиста»  мукофотонида шудааст.

Ихтисосҳо