Шодиев Аминҷон Ҳомидович

  • admin@gmail.com

Шодиев Аминҷон Ҳомидович

Омўзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш.Истаравшан Шодиев Аминҷон Ҳомидович соли  04.09.1967 тавалуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маълумоташ олии техникӣ, ихтисос муҳандисӣ буда, соли 1992 Институти политехникии …
Муфассал Шодиев Аминҷон Ҳомидович

13 Ихтисосҳо

Маълумоти мухтасар

Омўзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии ш.Истаравшан Шодиев Аминҷон Ҳомидович соли  04.09.1967 тавалуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маълумоташ олии техникӣ, ихтисос муҳандисӣ буда, соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Шодиев А.Ҳ. пас аз хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ ба Институти политехникии Тоҷикистон дохил шуда, ва моҳи майи соли 1986 то моҳи майи соли 1988 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравӣ хизмат кардааст.

Аз октябри соли 1992 то апрели соли 2004 хизмат дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шодиев А.Ҳ. – муҳофизи сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз сентябри 2004 то феврали 2006 омӯзгори фанни омодагии ибтидои ҳарби МТМУ №90 – и шаҳри Душанбе.

Аз феврали 2006 то октябри 2013 муҳандиси калони ҶДММ «Аъзам» шаҳри Душанбе.

Аз ноябри 2013 то ҳоло муовини директори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан оид ба таҷрибаомӯзӣ ва истеҳсолот.

Шодиев А.Ҳ. омўзгорест, ки дар эҳёи мактаби кулолгарии Истаравшани бостонӣ саҳми худро гузоштааст. Пайваста дар ҷустуҷў ва таҳқиқи ҳунари кулолгарӣ  мебошад.

Соли 2019 бо сипосномаи раиси шаҳр Б. Иноятзода таҳти унвони «Ҳунар омӯз» сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2019 бо ифтихорномаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ дар рушди ҳунарҳои мардумӣ сарфароз гардонида шуд.

Соли 2019 бо дипломи дараҷаи I – уми раиси шаҳр А.Маъмурзода сарфароз гардонида шудааст.

Моҳи апрели соли 2023 дар фестивали ҳунармандони вилояти Суғд таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» бо дипломи дараҷаи II – юми раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сарфароз гардонида шудааст.

Моҳи апрели соли 2023 дар фестивали ҳунармандони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» бо дипломи дараҷаи III – юми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардидааст.

Ихтисосҳо