Яҳёева Фарзона Ҳомидовна

  • admin@gmail.com

Яҳёева Фарзона Ҳомидовна

Омӯзгори ҳунари ҷомадӯзӣ-тоқидӯзӣ

Омӯзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Яҳёева Фарзона Ҳомидовна соли 18.08.1988 таваллуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад. Аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, маълумоташ олӣ-фарҳангшиносӣ, ихтисос фарҳангшиносӣ буда соли 2011 Донишкадаи давлати …
Муфассал Яҳёева Фарзона Ҳомидовна

13 Ихтисосҳо

Маълумоти мухтасар

Омӯзгори Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Яҳёева Фарзона Ҳомидовна соли 18.08.1988 таваллуд шуда, миллаташ тоҷик мебошад.

Аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, маълумоташ олӣ-фарҳангшиносӣ, ихтисос фарҳангшиносӣ буда соли 2011 Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзодаро дар шаҳри Душанбе хатм намудааст.

Айни ҳол дар донишкадаи номбурда дар бахши сеюми аспрантура таҳсили илм дорад. Дар аспрантура барои дарёфти унвони илми «Доктор PJD» дар мавзӯи «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар рушди фарҳанги миллӣ (дар мисоли ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан)» кори илмӣ пеш бурда истодааст.

Яҳёева Фарзона Ҳомидовна дар МТМУ№49 деҳаи Қалъачаи Бакавул маълумоти миёнаро  гирифта, соли 2006 ба Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро ба ихтисоси фарҳангшиност хатм намудааст. Пас аз хатми Донишкада  ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба ҳайси омӯзгори фарҳангшиносӣ ба кор қабул шуда, дар баробари омӯзгори китобдорӣ ин муассисаи таълимӣ мебошад.

Яҳёева Фарзона Ҳомидовна дар баробари фаъолияти омӯзгори ба ҳунари ҷомадӯзӣ-тоқидӯзӣ таваҷҷӯҳ дошта, дар чандин намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуда намунаҳои ҷомаҳои миллии занонаю мардонаро ба маърази тамошо гузоштааст.

Барои инкишофи ҳунар, тарбияи насли наврас муаллима ба якчанд мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2021 сипосномаи  директори  КҲМ Насриддин Хоҷаев барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, саҳми шоиста дар рушди маънавиёт, арҷугузори нисбати таъриху тамаддун, идомаи рисолати хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ, ҳиссаи сазовор дар пешрафти илм ва ба бузургдошти «Рӯзи Рӯдакӣ» сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2022 бо ифтихорномаи директори  КҲМ Насриддин Хоҷаев барои тарғибу муарифии санъати ороиши амалӣ дар ташкил ва гузаронидани Конфронсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2022 бо ифтихорномаи директори  КҲМ Насриддин Хоҷаев аз рўи номинатсияи «Шиносонидани ҳунару фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён» ва соли 2022 бо ифтихорномаи директори  КҲМ Насриддин Хоҷаев аз рўи номинатсияи «Ҳунарманди беҳтарин» сарфароз гардонида шудааст.

Соли 2023 бо ифтихорномаи барои хизматҳои арзанда ва фаъолияти намунавӣ,  муваффақиятҳои назаррас, дар руҳияи хештаншиносиву намудани насли ояндасози миллат, саҳми муносиб гузоштан дар рушди самти омӯзиши ҳунарҳои мардумии миёни ҷавонон ба  муносибати Рӯзи омӯгорон  Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ш. Истаравшан  аз тарафи раиси шаҳр  Адҳам Маъмурзода мукофотонида шудааст.

Соли 2023 бо сипосномаи барои фаъолияти босамар ва саҳми арзанда гузоштан дар амалишавии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, нақшгузорӣ дар таҳкими пояҳои истиқлолият, тарбияи насли ҷавони ҷомеа, дар руҳияи худшиносиву ватандустӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ котиби масъули бахши истаравшани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  шоира Раънои Зоирдухт сарфароз гардонида шудааст.

Ихтисосҳо